Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳури Тоҷикистон бо Вазири озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон
Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 24 июли соли 2025 мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Вазири озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон…
Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 24 июли соли 2025 мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Вазири озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон Жадамба Энхбаяр баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тезонидани раванди баргузории ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Муғулистон, таҳия ва ба имзо расондани Харитаи роҳи ҳамкорӣ, таъсис гурӯҳи кории муштарак дар соҳаи кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои коркарди пашм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коркарди маҳсулоти гӯштӣ дар Муғулистон, афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулоти кишоварзӣ, воридоти қутосҳои наслдеҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, табодули таҷриба ва боздиди мутахассисони соҳаи кишоварзии ду ҷониб бо мақсади шиносоӣ аз имконияту иқтидорҳои соҳаи кишоварзии тарафайн ва амалигардонии лоиҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дар самти бунёди корхонаҳои коркард ва бастабанди маҳсулоти кишоварзиро баррасӣ намуданд.
Мулоқоти мазкур дар фазои созандагӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар давоми моҳи августи соли ҷорӣ гурӯҳи кории муштарак миёни ниҳодҳои кишоварзии ду кишварро таъсис дода, тарафи Тоҷикистон мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, олимон ва доираи соҳибкорони соҳаро барои омӯзиши имкониятҳои ояндадори ҳамкорӣ дар моҳи сентябри соли 2025 ба Муғулистон сафарбар менамояд. Ҳамзамон ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки дар муддати кутоҳ Харитаи роҳи ҳамкориро омода намуда, моҳи ноябри соли 2025 ҷаласаи нахустини Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Муғулистонро баргузор менамоянд.