Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Санаи 16 июли соли равон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон баргузор гардид, ки дар он Раиси кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатӣ…
Санаи 16 июли соли равон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон баргузор гардид, ки дар он Раиси кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатӣ Сафаров Миралӣ, Президенти АИКТ Салимзода А.Ф., ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Маҳмадёрзода У.М., муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказии вазорат, намояндагон аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ, Агентии омори назди ПҶТ, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҲҶТ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сарраёсати ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеи вазорат иштирок намуданд.
Ҷаласаро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ифтитоҳ намуданд.
Нахуст маърӯзаи муовини якуми вазири кишоварзӣ Асозода Нуралӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбастии фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 шунида шуд.
Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар фаъолияти худро дар асоси вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ бармеоянд ба роҳ монда, оид ба татбиқи сиёсати аграрӣ, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои назаррас ва таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, аз ҷумла дар самти растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ, як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Дар нимсолаи якуми соли 2025 мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 23853,8 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,7 фоиз ё 2109,7 миллион сомонӣ зиёд шуда, дар муқоиса ба суръати рушди ҳамин давраи соли 2024-ум 0,1 банди фоиз зиёд мебошад. Аз он ҷумла, истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ ба 15891,3 миллион сомонӣ ва чорвопарварӣ ба 7962,5 миллион сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маҳсулоти растанипарварӣ 9,0 фоиз ё 1306,5 миллион сомонӣ ва чорводорӣ 11,2 фоиз ё 803,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 54,1 фоиз ва бахши аҳолӣ 45,9 фоизро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.07.2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ истеҳсоли ғалладона ба 679065 тонна, картошка 267929 тонна, сабзавот 1217009 тонна, полизӣ 590881 тонна, мевагиҳо 297731 тонна, ангур 3738 тонна ва хӯроки чорво 496962 тонна баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли картошка 819 тонна (100,3%), полизӣ 177916 тонна (143,1%), мевагиҳо 72905 тонна (132,4%), ангур 1034 тонна (138,2%) ва хӯроки чорво 43903 тонна (109,7%) зиёд мебошад.
Инчунин ҳисоботи роҳбарони муассисаву ташкилотҳои зертобеи вазорат, сардорони сарраёсатҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шуъба ва бахшҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба нишондиҳандаҳои соҳа шунида шуд.
Аз ҷониби Раёсати ҳайати мушовара ба масъулин барои иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни мулоқотҳо бо роҳбарон ва фаъолон дар сафарҳои корӣ баён намудаанд, масъулинро вазифадор карда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти минбаъда, истифодаи самараноки замину об, иҷрои дурнамои кишт, риояи агротехникӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа дастуру маслиҳатҳо дода шуд.