24 октябри соли 2026 намояндагони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озуқаворӣ таҳти унвони «Навоварии имрӯз. Таъмини ғизо.» иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо ташаббуси Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ (WFP), Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) ва Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавӣ (SIFI) баргузор гардида, намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, деҳқонон, соҳибкорон ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба ҳам овард.
Дар доираи чорабинӣ аҳамияти навоварӣ дар рушди низомҳои озуқаворӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба ғизои солим ва серғизо баррасӣ гардид.
Агентии хоҷагии ҷангал дар чорабинӣ маҳсулоти ҷангал, аз ҷумла чормағз, меваи хуч ва дигар маҳсулоти табииро муаррифӣ намуд. Иштирок дар чунин чорабиниҳо барои муаррифии имкониятҳои соҳаи ҷангал ва баланд бардоштани таваҷҷуҳ ба аҳамияти маҳсулоти ҷангал дар таъмини ғизои солим мусоидат мекунад.