Субҳи имрӯз бо садо додани Суруди миллӣ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтум ба кори худ оғоз намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иттилоъ дод, ки дар кори иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтум, муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони маҳаллаҳо, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр даъват шудаанд ва дар толор ҳозиранд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар кори иҷлосияи имрўза муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ иштирок дорад.
Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Маҷдиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баъди гузаронидани муқаррароти расмӣ, ҳозиринро бо рӯзномаи Иҷлосия шинос намуд.
Сипас, аз руйи масъалаи якуми рӯзнома “Дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, таҳти № 702 “Дар бораи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030” муовини Раиси шаҳр, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода маърӯза намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар даврони Истиқлоли давлатӣ бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030 бо мақсади беҳтар намудани таъминотнокии ташкилотҳо ва муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, муассисаҳои таълимию илмии тиббӣ бо мутахассисони баландихтисоси тиббӣ тибқи талаботи бозори меҳнат, барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ таҳия гардида, барои амалӣ кардани яке аз самтҳои афзалиятноки Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Бо дарназардошти вазъияти махсуси норасоии кадрҳои тиббӣ дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар, ҳамзамон мавҷудияти вобастагии сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз сифати тайёр кардани онҳо, гузаронидани ислоҳот бо мақсади ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳои тиббӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи солимии аҳолӣ, тайёр кардани кадрҳои тиббӣ самти афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта, ҳалли ин масъала таваҷҷӯҳи махсусро талаб менамояд.
Зимни музокираи масъалаи мазкур раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, маънавиёту фарҳанг ва иттилоот, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Гулистон, №15 – Шаҳноза Мирзобаҳодур маърӯза намуд.
Аз тарафи Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ба комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр баҳри амалисозии Барномаи тайёр кардани кадрҳои тиббӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои тандурустӣ ҳарчӣ бештар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои иттилоотӣ вазифагузорӣ карда шуд.
Дар баррасии масъалаи дуюм ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои иқтисод, молия ва идораи моликияти коммуналӣ” вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Суғдиён, № 31 Шероз Муъминзода шунида шуд.
Сипас, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Себзор, № 7 Шаҳина Гадойбоева оид ба амалисозии ваколати вакилӣ» ироа гардид.
Дар ҷараёни кори иҷлосия муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ иштирок намуда, вобаста ба мавзуъи матраҳшуда фикру андешаҳои хешро баён дошт.
Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода кори иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтумро ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пайваста кўшиш ба харҷ медиҳад, ки мавқеи табибон беҳтар ва дараҷаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ боз ҳам баландтар бардошта шавад. Зеро ки барои ҳар як давлат солимии аҳли ҷомеа зарур мебошад ва аз ин рў, мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустии он тамоми шароитро фароҳам оварем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 қайд намуданд, ки “Ҳар як фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ҷашни муқаддас 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватани азизи хеш кори некеро анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар зарфи қариб 35 соли сипаришуда рўзҳои бисёр сахту сангинро бо сабру таҳаммул ва бо иттиҳоду сарҷамъӣ паси сар карданд, қудрату имкониятҳои азими созандагӣ доранд ва маҳз ҳамин неруи азими созандаву ободгар фардои дурахшони Ватани азизамонро таъмин месозад”.
Дар робита ба ин суханони ҳидояткунандаи Пешвои муаззами миллат мо бояд то ин санаи муқаддас корҳои созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, чорабиниҳои ҷашнии дар пеш истодаро бо сатҳу сифати баланд амалӣ созем.
Ҳар яки мо, вакилон ва фаъолони шаҳр сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат кашида, ба ҳамаи ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрўи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд