Дар остонаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустии шаҳри Хуҷанд рӯйдоди муҳим ва таърихӣ ба вуқӯъ пайваст. Бори аввал амалиёти мураккаби пайвандсозии ҷигар ва гурда бо иштироки мутахассисони баландихтисос дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳри Хуҷанд бомуваффақият анҷом дода шуд.
Иҷрои чунин ҷарроҳиҳои мураккаб дар вилояти Суғд далели рушди бемайлони соҳаи тандурустӣ, баланд гардидани сатҳи касбияти мутахассисон, фароҳам омадани имкониятҳои муосири ташхису табобат аз ҷониби Давлату Ҳукумат мебошад.
Амалиёти ҷарроҳӣ таҳти роҳбарии директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон», профессор Саидмаҳмуд Исмоилзода, анҷом дода шуд.
Дар раванди ҷарроҳиҳо мутахассисони пешбари Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон бо ҷарроҳони соҳибтаҷрибаи Беморхонаи клиникии №1-и шаҳри Хуҷанд ҳамкории судманд намуда, амалиётҳои мураккаби пайвандсозии ҷигар ва гурдаро дар сатҳи баланди касбӣ анҷом доданд.
Ин дастоварди муҳим натиҷаи татбиқи пайвастаи барномаҳои давлатии рушди соҳаи тандурустӣ, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани беморхонаҳои вилоят мебошад. Иқтидори техникии муассисаҳои тиббии шаҳри Хуҷанд имрӯз имкон медиҳад, ки як қатор хизматрасониҳо дар сатҳи ҷавобгӯ ба талаботи муосир ба роҳ монда шаванд.
Бояд қайд намуд, ки то имрӯз беморони гирифтори бемориҳои вазнин ва эҳтиёҷманд ба амалиёти пайвандсозии узвҳо барои гирифтани чунин хизматрасонии тиббӣ бештар ба пойтахти кишвар ё муассисаҳои тиббии хориҷӣ муроҷиат мекарданд. Ин раванд, албатта, хароҷоти зиёди молиявӣ ва мушкилоти муайяни ташкилиро ба миён меовард.
Акнун бо фароҳам гардидани чунин имконият дар вилояти Суғд беморони ниёзманд метавонанд қисме аз хизматрасониҳои мураккаби тиббиро дар минтақаи худ дастрас намоянд. Ин иқдом на танҳо барои сарфаи вақт ва маблағи беморон мусоидат мекунад, балки дастрасии аҳолиро ба хизматрасонии баландихтисоси тиббӣ боз ҳам беҳтар менамояд.
Бино ба иттилои мутахассисони соҳа, ҳар ду амалиёти ҷарроҳӣ бе мушкилот анҷом ёфта, вазъи саломатии беморон ҳоло муътадил арзёбӣ мешавад. Беморон таҳти назорати доимии табибон қарор дошта, марҳилаи баъдиҷарроҳӣ ва барқарорсозиро паси сар мекунанд.
Нахустин амалиёти пайвандсозии ҷигар ва гурда дар шаҳри Хуҷанд оғози марҳилаи нав дар рушди трансплантология ба ҳисоб меравад. Ин рӯйдоди муҳим нишон медиҳад, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва такмили доимии малакаи мутахассисон метавон доираи хизматрасониҳои мураккабу баландтехнологии тиббиро дар минтақа боз ҳам васеъ намуд.
Дастоварди мазкур барои рушди минбаъдаи соҳаи тандурустии вилояти Суғд заминаи мусоид фароҳам оварда, ба беморони эҳтиёҷманд умеди бештар мебахшад. Ҳамзамон, он бозгӯи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи тандурустӣ, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.
Дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфтани чунин амалиёти мураккаб дар вилояти Суғд воқеан дастоварди муҳим ва нишонаи пешрафти илмиву амалии тиб дар минтақа маҳсуб меёбад.