16 ноябр — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд. Дар ҷараёни он, 19 ноябр, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. 16 ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд. Соли 2016 ин сана дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид. ҶСК «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ» ҳамватанонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамояд.
Мо ифтихор дорем, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими давлатдорӣ ва рушди Ватани азизамон саҳм мегузорем. Барои мо ин ифтихор ҳамзамон масъулияти хизмат ба мардум ва саҳмгузорӣ дар пешрафти кишварро бештар мегардонад.
Ҷамъият бо дастгирии сиёсати давлат дар самти рақамикунонӣ, рушди хизматрасониҳои электронӣ ва осон намудани дастрасии шаҳрвандону соҳибкорон ба хизматрасониҳои давлатиро аз вазифаҳои асосии худ медонад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!