Санаи 17 августи соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода маҷлиси машваратӣ таҳти раёсати Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулони соҳаи маориф, соҳаи тандурустӣ, идораи давлатии хоҷагии оби ноҳия, ҳифзи муҳити зист ва сохторҳои соҳавии марбута, ташкилоту корхонаҳо ва шахсони дахлдор ширкат варзиданд.
Дар маҷлиси машваратии назди Раиси ноҳия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
1. Оид ба истифода додани иншоотҳои ҷашние, ки дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ба нақша гирифта шуда буд.
2.Оид ба рафти баргузории тамринҳо барои гузаронидани роҳпаймоии ҳарбӣ ва осоишта ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия.
3.Омодагӣ баҳри баргузории Конференсияи илмӣ амалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чорабинии тантанавӣ дар варзишгоҳи марказӣ ва дар маркази ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия.
Дар маҷлис инчунин дар асоси Фармоиши Кумитаи генералии андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2026, №438ҳ/к Неъматзода Абдуғафор Валӣ ба сардори нозироти андози ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин карда шуд.
Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек ба кадри навтаъин барои софдилонаю содиқона ва лоиқ ба боварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намудан баҳри беҳтар намудани сатҳу сифат ва некӯаҳолии мардум барору комёбҳо таманно намуданд.
Аз рӯи масъалаи якум муовини якуми раиси ноҳия Баҳодур Акрамзода баромад кард.Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омодагӣ ба Паради ҳарбӣ, ки ба муносибати таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор мешавад.
Дар ин замина, аз ҷониби Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек вобаста ҷиҳати боз ҳам дар сатҳи баланд омодагӣ ба Паради ҳарбӣ ва сазовор истиқбол намудани ҷашни хумоюнии миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар ҷаласа, ҳамчунин Раиси ноҳия масъалаи ташкили корхонаҳои хурду миёна, дастгирии соҳибкорон барои бунёди корхонаи истеҳсолӣ, тозагии ҳифзи муҳити зист, тақвияти кабудизоркунӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маркази ноҳияро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, инчунин омодагии ҳамаҷониба ба чорабиниҳои идонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба масъулин муҳлат доданд, ки доир ба масъалаҳои зикршуда тадбирҳои мушаххас андешанд.
Зикр гардид, ки дар ноҳия корҳои ободонӣ, бунёди иншооти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ, таъмиру навсозии роҳҳо, сабзу хуррамгардонӣ ва беҳсозии инфрасохтор бо маром идома доранд.Таъкид карданд, ки барои боз ҳам беҳтару шоиста намудани зиндагии мардуми Тоҷикистон бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки саъю кӯшиши роҳбари давлат баҳри таъмини зиндагии шоиста ва некӯаҳволии мардум буда, ба халқ содиқона хизмат кардан аст.
Дар фарҷоми ҷаласа Раиси ноҳия таъкид намуданд, ки ҳар як роҳбар ва масъули соҳа бояд ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо ҳисси баланди масъулият муносибат намуда, ҷиҳати рушди минбаъдаи ноҳия, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои муҳими давлатӣ саҳми арзандаи худро гузорад.
Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, муҳлати иҷрои онҳо муайян гардид.