Дар ҳошияи Панҷумин ҷаласаи вазирони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 27 апрели соли 2026 дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, Хуршед Мирзо, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири рушди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионии Ҷумҳурии Қирғизистон Жамангулов Азамат Саадатбекович мулоқоти корӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи рақамикунонӣ, рушди экосистемаи инноватсионӣ, татбиқи технологияҳои пешрафта, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, инчунин густариши ҳамкориҳо байни ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусии кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, таваҷҷуҳи махсус ба табодули таҷриба дар самти рушди ҳукумати электронӣ, дастгирии стартапҳо ва ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ зоҳир гардид. Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ ва роҳандозии ташаббусҳои муштарак дар самтҳои афзалиятнок изҳор намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот зарурати идомаи ҳамкориҳои созанда ва таҳкими шарикӣ байни ду кишвар дар самти рақамикунонӣ ва технологияҳои инноватсионӣ таъкид гардид.