Санаи 4 марти соли 2025 вохӯрии директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, инчунин густариши истифодаи технологияҳои муосир дар бахшҳои иқтисод ва низоми идоракунии давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ бо кишварҳои пешрафта, аз ҷумла бо Олмон, ҷиҳати интиқоли технология, ҷалби сармоя ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадам таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои рушди технологияҳои рақамӣ, тақвияти иқтидори кадрӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак таъкид намуданд.
Баъди вохӯрӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Олмон аз Маркази хизматрасониҳои давлатӣ дидан намуда, бо раванди пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, сатҳи рақамикунонии хизматрасониҳо ва имкониятҳои техникии марказ аз наздик шинос гардиданд.