Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ буда, идоракунӣ, татбиқи «Ҳукумати электронӣ», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, ҷорӣ ва рушди гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, истифодаи имзои электронӣ, рушди савдои электронӣ, батанзимдарории зеҳни сунъӣ, инчунин такмили равандҳои технологӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба самти фаъолиятро таъмин менамояд.
Раванди рақамикунонии соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мутобиқ ба ҳадафу афзалиятҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи тадбирҳои ислоҳотӣ ва бо мақсади таъмини шаффофият, баланд бардоштани самаранокӣ ва беҳбуди сифати хизматрасониҳои давлатӣ амалӣ гардида истодааст.
Бо ҷалби барномасозони ватанӣ, Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ бо назардошти таҷрибаи кишварҳои минтақа таҳия карда шуда, дар беш аз 850 мақомоту ташкилоти давлатӣ ва зерсохтори онҳо ҷиҳати таъмини мубодилаи мукотибот бидуни истифодаи коғаз фаъол мебошад.
Дар ин раванд, барои тасдиқи аслият ва амнияти мукотибот имзои электронии дар серверҳои дохилӣ сабтшуда барои зиёда аз 14 500 нафар истифодабаранда дастрас гардидааст.
Марҳилаи дуюми татбиқи лоиҳа дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардида, ин раванд идома дорад.
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин рушди низоми ҳукумати электронӣ портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ (ekhizmat.tj) ҷорӣ карда шудааст.
Ба ҳолати имрӯза номгӯйи 83 хизматрасонии давлатӣ (аз ҷумла Ваколатнома оид ба идоракунии воситаи нақлиёт бе ҳуқуқи ихтиёрдорӣ, ваколатнома оид ба идоракунии воситаи нақлиёт бо ҳуқуқи ихтиёрдорӣ, маълумотнома дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ, иҷозат (талон) барои истифодабарии воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, баҳисобгирии тӯйҳои домодиву арӯсӣ, бақайдгирии соҳибкори инфиродӣ, гирифтани имзои электронӣ, иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ, бақайдгирии давлатии таваллуд, додани хулоса барои гирифтани тамғаҳои аксизӣ ва пардохти андоз барои воситаи нақлиёт) ба портали мазкур ворид гардида, ба шаҳрвандон дар шакли рақамӣ бе ҳозиршавӣ ба мақомот дастрас мебошад.
Хизматрасониҳои давлатӣ марҳила ба марҳила ба шакли рақамӣ табдил дода шуда, бо пайгирии феҳристи ягона тавассути портал пешниҳод мегарданд. Ин раванд дар доираи панҷсолаи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия бо фарогирии пурра таъмин карда мешавад.
Инчунин, бо мақсади дастрасӣ ва оммавигардонӣ Маркази хизматрасониҳои давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз намуд.
Аз лаҳзаи оғози фаъолият (моҳи декабри соли 2025 ва январи соли 2026) ба Маркази мазкур 10153 нафар шаҳрванд муроҷиат карда, марҳилаи айнияткунониро гузашта, 1100 нафар хизматрасониҳои заруриро ба таври электронӣ дастрас намуданд.
Бо мақсади тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, таъмин намудани мубодилаи саривақтӣ ва ҳифзшудаи маълумот, инчунин баланд бардоштани самаранокии равандҳои идоракунӣ, Низоми ҳамгироии иттилоотии байниидоравии «Пули Ҳушманд» роҳандозӣ гардид.
Ҳамзамон, интернет-портали ягонаи давлатӣ (ehukumat.tj) ҳамчун инфрасохтори мутамаркази миллии иттилоотию коммуникатсионӣ таҳия ва ба истифода дода шуда, дар доираи он сомонаҳои беш аз 80 мақомот ва ташкилоти давлатӣ муттаҳид ва ҳамгиро гардидаанд.
Дар назди Агентӣ Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» таъсис дода шуд, ки фаъолияти он ба таҳкими амнияти киберӣ ва ҳифзи иттилоот дар низомҳои давлатӣ ва махзанҳои коркарди маълумот равона гардида, назорати ҳамаҷонибаи раванди ҷамъоварӣ, коркард, истифода, паҳнкунии маълумот ва татбиқи механизимҳои ҳифзи барномавӣ, бо истиснои маълумотҳои дорои сирри давлатӣ, амалӣ карда мешавад. Ин иқдом ба баланд бардоштани эътимоднокӣ, шаффофият ва устувории низомҳои иттилоотӣ мусоидат менамояд.
Бо мақсади фароҳам овардани муҳити мусоид барои дастгирӣ ва рушди ширкатҳои соҳавии технологияҳои иттилоотӣ, IT-Парк дар шаҳри Душанбе таъсис ёфт, ки бо истифода аз имтиёзҳои андозиву гумрукӣ 65 субъект (резидент) дар он ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳамзамон, ҷиҳати муаррифии иқтидор ва имкониятҳои соҳа дар сатҳи байналмилалӣ, як қатор чорабиниҳо ва нишастҳои судманд дар хориҷи кишвар баргузор гардидаанд. Аз ҷумла, дар Амрико ва Ҷопон форумҳои соҳавӣ доир шуда, иқтидори ширкатҳои соҳаи IT-и Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд.
Инчунин, дар доираи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, омӯзиш ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам, инчунин баланд бардоштани иқтидори кадрии соҳа, аз ҷониби Агентӣ бо кишварҳои Чин, Россия, Қазоқистон, Эрон, Муғулистон, Узбекистон, Амрико ва Ҷопон 13 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.
Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори кадрии соҳа, бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон» таъсис дода шуда, дар назди он ифтитоҳи литсейҳои равияи риёзӣ-техникӣ роҳандозӣ гардида истодааст.
Мавриди зикр аст, ки аз оғози фаъолияти Агентӣ то ба имрӯз ҷиҳати таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва таъмин намудани самаранокии фаъолияти соҳа, 5 қонун, 30 қарори Ҳукумат ва 4 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
Бо мақсади амалӣ гардонидани гузариши пурра ба низоми рақамӣ, харитасозии самаранокии равандҳо, ҳамчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар раванди рақамикунонӣ, бо 50 вазорату идораи дахлдор нақшаҳои муштараки амал ба имзо расонида шуданд.
Ҷиҳати рақамикунонии равандҳо дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ, низоми миллии электронӣ таҳия карда шуда, дар 5 дидбонгоҳи гумрукӣ таҷҳизоти дахлдор насб гардида, мавриди истифода қарор дода шуд.
Инчунин, дар 29 дидбонгоҳи гумрукии дигар камераҳои ҳушманд насб гардиданд, ки ин раванд ба маротиб сатҳи коргузориро таъмин менамояд.
Рақамикунонии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пурра ба анҷом расида, барномаи махсус барои мутамарказ намудани феҳристи нафақагирон таҳия гардид.
Инчунин, дар ин раванд марҳилаи айнияткунонии нафақагирон тавассути низоми рақамии шинохти ҷеҳра дар тамоми минтаҳқаҳои кишвар дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар доираи ваколатҳои соҳавӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ чораҳои муассирро роҳандозӣ менамояд.