Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — яке аз ҷашнҳои асосии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва он ҳамасола 6 ноябр таҷлил мешавад.
Калимаи "конститутсия" аз калимаи лотинӣ "constitutio" - муқаррарот, сохтор, барпо намудан гирифта шуда, маънои сарчашмаи асосии ҳуқуқии дорои эътибори олибударо дорад.
Агар ба таърих назар кунем Тоҷикистон аз соли 1929 то соҳибистиқлол шудан, яъне соли 1991 чор маротиба, солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978 Конститутсия қабул кардааст.
Аз таърихи таҳаввулоти низоми қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ислоҳоти конститутсионӣ дар поёни асри ХХ бармеояд, ки кӯшишҳои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон дар аввали солҳои навадум шурӯъ гардид, аммо ташаккули ғояи меҳварӣ ва ҷараёни пайрезии он то ба марҳалаи ниҳоии таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мантиқан натиҷаи амалӣ гардидани назария ва тадбирҳои мушаххаси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ислоҳоти конситутсионӣ мебошад.
Қабули «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар солҳои 1990-1991 аз ҷумлаи омилҳое буданд, ки раванди қабули Қонуни асосиро суръат бахшиданд.
Вале кӯшиши воқеан ҷиддӣ ва ҳадафманди таҳияи Лоиҳаи Конститутсия баъд аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истиқрори сохти конститутсионӣ ва таъсиси мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ дар кишвар оғоз шуд. Баъдан Иҷлосияи XVII Шӯрои Олӣ аз роҳи дохил намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Шӯрои Олӣ дар таърихи 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкили Комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳайати нави Комиссияи конститутсиониро бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ намуд.
Дар ҳамин ҷаласа муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид ва тафсири моҳияти сиёсии ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат изҳор доштанд: «Муҳимтарин ҷиҳати ин вазифа то сатҳи юридикӣ ва маънавии ҳуқуқи байналмилалӣ ва тадбирҳои универсалии онҳо баланд бардоштани қонунгузории давлатист. Аз ин ҷиҳат, мо ба хулоса омадем, ки системаи ҷории қонунҳоямонро ба экспертизаи байналмилалӣ фиристем ва ҳам дар баррасии Қонуни асосиамон аз кумаки машваратии муассисаҳои дахлдори байналхалқӣ истифода барем».
Сарвари Тоҷикистон бо зикри аҳаммият ва зарурати ҳамоҳангсозии низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба равиши судманди ислоҳоти конститусионии Тоҷикистон асос гузошт, ки яке аз заминаҳои бисёр муҳимми истиқболи ҷаҳонии кишвари мо гардид.
Дар асоси дастурҳои Сарвари давлат гурӯҳи кории Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корбандии дастовардҳои илми ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва суннату тафаккури ҳуқуқии миллӣ дар муддати шаш моҳ ду лоиҳаи Конститутсия, яке дар шакли идораи президентӣ ва дигар дар шакли идораи парламентиро таҳия намуда, ба баррасии мардум пешниҳод кард. Таҳия намудани ду лоиҳа бесабаб набуд. Аз замони таҳияи аввалин лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи апрели соли 1992 пешниҳод гардида буд, дар афкори умум дар асоси бархӯрди неруҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоии кишвар дар масъалаи интихоби шакли идории давлати Тоҷикистон ақидаҳои гуногун ва ҳатто комилан хилофи ҳамдигар изҳор мешуданд. Комиссияи конститутсионӣ бо дарки масъулият ва дар натиҷаи таҳлили амиқи воқеияти сиёсии кишвар, бинобар набудани ҳизбу созмонҳои соҳибтаҷриба ва фароҳам наомадани пойгоҳи муносиби идоракунии парламентӣ дар Тоҷикистон, ба хулосаи ягона расид, ки лоиҳаи шакли идораи президентӣ ба баррасии халқ тавсия карда шавад.
Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бори нахуст 6 ноябри соли 1994 раъйпурсии умумихалқӣ барои қабули Конститутсия баргузор гардид. Натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ хеле муассир буд ва беш аз 87 фоизи шаҳрвандон лоиҳаро ҷонибдорӣ намуда, сарнавишти худро мутобиқи он муайян карданд.
Ин истиқболи мардум аз лоиҳаи Конститутсия ва интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳамин рӯз ба вуқӯъ пайваст, далели қотеи дастгирии ҳамаҷонибаи ислоҳоти конститутсионии Президент, ҳадафу барнома ва дурнамои сиёсати дохиливу хориҷии ӯ буд.
Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст.
Ҳамзамон бояд қайд кард, ки ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифт.
Гузашта аз ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф гардидааст.
Инчунин Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик ва тоҷикистониён асос гузошта, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохта, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод.
Ин санади олии ҳуқуқӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои умдаи пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дебоча, 10 боб, 100 модда ва муқаррароти интиқолӣ иборат мебошад.
Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми муқаддимавии он аст, ки мақсад, арзиш ва рӯҳи асосии Конститутсияро ифода мекунад. Дар дебоча халқи Тоҷикистон изҳор мекунад:
МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем!
Дебоча рамзи ваҳдат, истиқлолият ва арзишҳои миллӣ буда, асоси ахлоқӣ ва сиёсиро барои тамоми моддаҳои Конститутсия муайян мекунад.
Боби якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояи ҳуқуқӣ, сиёсии давлатро муайян ва арзишҳои асосии демократӣ, ҳуқуқӣ ва миллиро таъкид менамояд.
Дар моддаи 1 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф гаштааст. Ин далели он аст, ки давлат мустақил аст, ҳокимият аз ҷониби халқ амалӣ мешавад, ҳамаи қонунҳо ба принсипҳои адолат ва қонун асос ёфтаанд, дин аз давлат ҷудо аст ва тамоми қаламрави кишвар таҳти ҳокимияти ягона қарор дорад. Меъерҳои ин моддаи Конститутсия тавассути моддаи 100 он боз ҳам пурзуртар карда шудааст. Тибқи моддаи 100 Конститутсия шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир эълон гардиданд. Амалишавии ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ бо мақсади роҳ надодан ба ғасби ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби шахсони алоҳида, гурӯҳи шахсон ё мақомоти алоҳида пешбинӣ гардида, волоияти санадҳои байналмилалӣ назар ба санадҳои миллӣ хислати ҳуқуқӣ пайдо кард. Ин маънои онро дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо кардани давлати демократии ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи озоди шаҳрвандиро мақсади худ қарор дод. Дар ҳамин асос иқтисодиёти Тоҷикистон ба шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ асос ёфта, озодии соҳибкорӣ кафолат дода шуд.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ доранд ва давлат вазифадор аст онҳоро ҳифз кунад. Ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт, шаъну номус, саломатӣ, таълим, меҳнат, истироҳат ва иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дорад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд, ва маҳдуд кардани онҳо танҳо барои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти давлат ва ҳимояи сохтори конститутсионӣ имконпазир аст.
Ҳар кас ҳуқуқ дорад ба молу мулк, манзил, саломатӣ, таълим ва фарҳанг дастрасӣ дошта бошад. Давлат барои ҳифзи оила, кӯдакон, маъюбон ва пиронсолон ғамхорӣ мекунад. Шаҳрвандон метавонанд дар ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намоянд, озодона сухан гӯянд ва дар интихобот ва раъйпурсӣ фаъолона саҳм гузоранд.
Конститутсияро бахтномаи миллат низ ном мебаранд ва ҳар шахс вазифадор аст, ки ҳар банди онро риоя кунад, ҳуқуқу озодӣ, шарафу номуси дигаронро эҳтиром намояд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне бунёди давлати аз ҳар ҷиҳат пешрафта ва мардумони дорои зиндагии шоиста бирасем.
Рузи Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!