27 августи соли 2024 бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Маркази тиҷорати байналмилалӣ (ITC) муаррифии расмии Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва намояндагони мақомоти давлатӣ, Маркази тиҷорати байналмилалӣ (ITC), шарикони рушд ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи муаррифӣ аз ҷониби роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қайд гардид, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳо тадбирҳои ислоҳотӣ амалӣ гардида истодаанд.
Дар ин раванд, зарурати ташаккул, таъмин ва гузариш ба иқтисоди рақамӣ, ки яке аз ҷузъҳои таркибии он савдои электронӣ мебошад, муҳим мебошад.
Зимнан, асосҳои сохтории иқтисоди рақамӣ, ташаккул ва рушд додани савдои электронӣ, рушди инфрасохтори дахлдор ва истифодаи пардохти ғайринақдӣ мавқеи меҳварӣ пайдо намуда истодаанд.
Дар рафти чорабинӣ таъкид карда шуд, ки Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 яке аз ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар ба ҳисоб рафта, барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад.
Масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ, ҳамкорӣ ва татбиқи Барнома бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва бахши хусусӣ низ зимни муколама баррасӣ гардид.
Дар фарҷом иштирокчиён, нисбат ба барномаи қабулгардида баҳои баланд дода, изҳор намуданд, ки барои татбиқи амали он якҷо бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ монанд.