6-уми майи соли 2025 вохӯрии директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо мудири Дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон хонум Саломе Штайб баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба фаъолияти Дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон ва имкониятҳои сармоягузории он ба лоиҳаҳои самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла вобаста ба лоиҳаи “Асосҳои рақамии Тоҷикистон”, ташаккули ҳукумати электронӣ ва таҳкими иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.
Дар фарҷоми дидор ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳо ба мувофиқа расиданд.