Иштироки олимони тоҷик дар Конфронси XX байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Краснодар Олимони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ оид ба саломатии ҳайвонот ва амнияти озуқаворӣ. Аз 17 то 19 июни соли 2026 дар шаҳри Краснодари Федератсияи Русия Конфронси…
Иштироки олимони тоҷик дар Конфронси XX байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Краснодар
Олимони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ оид ба саломатии ҳайвонот ва амнияти озуқаворӣ.
Аз 17 то 19 июни соли 2026 дар шаҳри Краснодари Федератсияи Русия Конфронси XX юбилеявии байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Асосҳои илмии баланд бардоштани маҳсулнокӣ, саломатии ҳайвонот ва амнияти озуқаворӣ», бахшида ба 80-солагии таъсисёбии Институти илмӣ-тадқиқотии байтории Краснодар баргузор гардид.
Дар кори конфронс намояндагони илмӣ ва мутахассисони соҳаи байторӣ аз 15 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ директори Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнологияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои байторӣ Абдуллоев Азизулло Одилович, муовини директор Саидов Фирдавс ва директори Клиникаи байтории назди Институт Тураев Умар намояндагӣ карданд.
Абдуллоев Азизулло Одилович дар конфронс бо маърӯзаи илмӣ таҳти унвони «Вазъи эпизоотикӣ оид ба вабои ҳайвоноти майдаи шохдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, вазъи кунунии беморӣ, чораҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуд.