ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ИМАББ АИКТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ АНДИҶОН ҶУМҲУРИИ ӮЗБАКИСТОН . 28 сентябри соли 2026 дар шаҳри Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони:«ҲАМГИРОИИ ҶАҲОНИИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНӢ…
ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ИМАББ АИКТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ АНДИҶОН ҶУМҲУРИИ ӮЗБАКИСТОН .
28 сентябри соли 2026 дар шаҳри Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони:«ҲАМГИРОИИ ҶАҲОНИИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР СОҲАҲОИ АГРОТЕХНОЛОГИЯ ВА ЧОРВОДОРӢ ДАР ТАЪМИНИ КИШОВАРЗИИ УСТУВОР ВА АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ» баргузор гардид.
Ҳамоиши байналмилалӣ бо иштироки олимон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ аз 6 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор шуда, ба масъалаҳои мубрами рушди устувори кишоварзӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, пешгирии бемориҳои сироятии ҳайвонот ва паранда, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ бахшида шуд.
Дар кори конференсия намояндагони Муассисаи давлатии «Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология»-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
Аз ҷумла: Идиева Шаҳло Маҳмудовна мудири шуъбаи иттилоот, машварат, дастовардҳои илмӣ ва робитаҳои байналмилалӣ, ходими калони илмии озмоишгоҳи ташхиси бемориҳои вирусии паранда;
Раҳимова Шодигул мудири озмоишгоҳи пешгирии бемориҳои вабои сумдард ва сафедхунии чорво.
Дар доираи конференсияи байналмилалӣ инчунин доктори илмҳои ветеринарӣ, устод Мирзоахмедов Ш.Р. бо тариқи онлайн (Zoom) иштирок ва суханронӣ намуд.
Устод Мирзоахмедов Ш.Р. дар оғози баромади худ ҳамаи иштирокчиёни конференсияро ба муносибати баргузории ин ҳамоиши муҳими илмӣ табрику таҳният гуфта, ба кори конференсия муваффақият ва дастовардҳои нави илмӣ орзу намуд.
Суханронии ӯ бо муҳтавои илмӣ, андешаҳои созанда ва масъалаҳои мубрами соҳаи ветеринария ва кишоварзӣ иртибот дошта, ба мавзӯи рӯз ва ҳадафҳои асосии конференсия рушди илм, истифодаи технологияҳои муосир, таъмини рушди устувори кишоварзӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ бахшида шуд.
Иштироки олимони тоҷик дар чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ имконияти муҳим барои муаррифии дастовардҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, табодули таҷриба бо олимони кишварҳои гуногун ва таҳкими .
Дар идомаи кори конференсияи байналмилалӣ доктори илмҳои ветеринарӣ Бозоров Муродҷон бо маърӯзаи илмӣ дар мавзӯи: