Имрӯз 14 январи соли 2026 дар Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология АИКТ, машварати корӣ бо иштироки директори институт д.и.в Абдуллоев А. О. , муовинҳо, мудирони озмошгоҳҳо ва шуъбаҳо гузаронида шуд. Дар оғози ҷаласа директор дар бораи…
Имрӯз 14 январи соли 2026 дар Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология АИКТ, машварати корӣ бо иштироки директори институт д.и.в Абдуллоев А. О. , муовинҳо, мудирони озмошгоҳҳо ва шуъбаҳо гузаронида шуд.
Дар оғози ҷаласа директор дар бораи ҷамъбастии фаъолияти солонаи ИМАББ ҳисоботи солонаи 2025 суханрони карданд.
Соли 2025 барои Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология (ИМАББ) марҳалаи муҳим дар таҳким ва рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, ташхисӣ, инноватсионӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Фаъолияти Институт дар ин давра ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи амнияти биологӣ, рушди илми кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ равона гардида буд. Дар соли ҳисоботӣ тадқиқоти илмӣ дар самтҳои бемориҳои сироятии ҳайвонот ва паранда, амнияти биологӣ, биотехнологияи муосир ва усулҳои нави ташхисӣ ба роҳ монда шуд.
Лоиҳаҳои илмӣ бо дарназардошти ниёзҳои соҳаи чорводорӣ ва парандапарварии ҷумҳурӣ амалӣ гардиданд.Озмоишгоҳҳои Институт ташхиси бемориҳои хатарнок ва иқтисодан муҳимро анҷом дода, мониторинги эпизоотикиро дар минтақаҳои гуногуни кишвар тақвият бахшиданд. Усулҳои муосири лабораторӣ ҷорӣ шуда, сатҳи эътимоднокии натиҷаҳо баланд гардид.
Натиҷаҳои тадқиқот ба истеҳсолот пешниҳод гардида, тавсияҳои илмӣ-амалӣ барои хоҷагиҳо ва муассисаҳои соҳавӣ таҳия шуданд. Корҳо оид ба истифодаи биопрепаратҳо ва усулҳои пешгирии бемориҳо густариш ёфтанд.
Кормандони Институт мақолаҳои илмиро дар маҷаллаҳои илмӣ Ватани ва байналмилалӣ ба нашр расониданд. Иштирок дар конференсияҳо, семинарҳо ва ҳамоишҳои илмӣ ба табодули таҷриба ва баланд бардоштани сатҳи касбӣ мусоидат намуд.
Дар соли 2025 ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Омӯзиши докторантон,унвонҷӯён ва такмили ихтисоси кормандон идома ёфт.