Имрӯз 5 сентябри соли 2025 дар Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнологияи АИКТ дар доираи сафари кории муовини Сарвазири кишвар Зиёзода Сулаймон ва Президенти Академияи Илмҳои Кишоварзӣ профессор Салимзода Амонулло Файзулло вохурӣ бо ҳайати олимону ходимон баргузор гардид.
Меҳмонони олиқадр аз озмоишгоҳҳо ва шӯъбаҳои муассиса назар карда, ба рафти аз нав созии корхона баҳои баланд доданд.
Қобили қайд аст, ки дар корхона аз аввали соли ҷорӣ корҳои ободонию созандагӣ пайваста давом доранд. Мӯҳтарам Зиёзода С. Р. дар суханронии худ хотиррасон карданд, ки корхона зери раҳбарии олими кордону ватандӯст- доктори илмҳои ветеринарӣ Абдуллоев А. О. бо дастовардҳои зиёде ноил гашта, аз як корхонаи хурд ба муассисаи калону истеҳсолӣ мубаддал гаштааст.
Гарчи ин олам пур аз мардумон,
Нодир аст инсони комил дар ҷаҳон.
Воқеан, Абдуллоев А.О. директор институти масоили амнияти биологи ва биотехнология як олими некном, омўзгор ва роҳбари ғамхор мебошад..
Устод воқеан аз зумраи олимоне ҳастанд, ки қисми бештари умри хешро дар самти омўзишу таҳқиқ ва баррасии масъалаҳои илмӣ ва мушкилоти рўзмарраи соҳаи бойтори сарф намудаанд. Ў омўзгори асил, роҳбари кордону бомаърифат,инсони поктинат, фурўтан, ҷиддию серталаб ва ҳалиму меҳрубон ҳастанд
Ба мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳури Тоҷикимстон, Пешвои муаззами Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Президенти Академияи Илмҳои Кишоварзӣ профессор Салимзода Амонулло Файзулло барои рушту намуи ин соҳа дар фарҷом як қатор кормандони фаъолро бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида, ба роҳбарияти институти масоили амнияти биологи ва биотехнология ба олимони ҷавон пешравию бурдбориҳо таманно намуданд.