Санаи 2 октябри соли 2026 дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ҳайати мушовараи Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ оид ба ҷамъбаст ва натиҷагирии фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2026 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2026 зери роҳбарии сардори Саридора муҳтарам Шералӣ Мирзо баргузор гардид.
Дар ҷараёни баргузории ҷаласа сардори Саридора - раиси Ҳайати мушовараи Саридора ҳисоботи муовини якуми сардори Саридора ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказиро шунида, фаъолияти онҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Қайд карда шуд, ки фаъолияти Саридора дар нуҳ моҳи соли 2026 дар доираи амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои хаттии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳайати мушовара ва нақшаи кори Саридора ба роҳ монда шуда, бо натиҷагирӣ ва такя ба таҳлилҳои ҷойдошта фаъолияти Саридора қаноатбахш арзёбӣ гардид.
Дар фарҷом сардори Саридора муҳтарам Шералӣ Мирзо баҳри тақвияти фаъолият ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дурномаи соҳаро муайян намуда, барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар семоҳаи чоруми соли 2026 дастуру супоришҳои мушаххас доданд.