eDavlat
Рамзҳои давлатӣ
TJ
TJ
RU
EN
Мақомоти давлатӣ
Боргирӣ…
Онлайн чат
Кушодани меню
TJ
TJ
RU
EN
Қонун — Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
More
Қонун
Саҳифаи асосӣ
Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳо
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ
кӯчаи Ф. Ниёзӣ, 37, шаҳри Душанбе, 743000, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамаи санадҳо
Қонун
21 октябри 2026
Қонун
Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2017 № 731 қабул карда шуд. Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 майи соли 2017 № 397 ҷонибдорӣ карда шуд. БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ Моддаи 1. Мавзӯи танзим ва доираи амали Қонуни мазкур 1. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ танзим намуда, принсипҳои асосӣ, мафҳум, намуд, низом, таносуби байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эътибори ҳуқуқӣ, тартиби умумии таҳия, экспертиза, қабул, интишор, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, амал, тафсир, мураттабсозии онҳо ва роҳҳои ҳалли ихтилофоти ҳуқуқиро муайян мекунад. 2. Хусусиятҳои таҳия, тасдиқ, қабул, бақайдгирӣ, мавриди амал қарор додан, интишор, тағйир додан, ворид намудани илова, қатъ кардан ё боздоштани амали намудҳои алоҳидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамчунин бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ (шахсони мансабдори онҳо)-ро дар соҳаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ танзим мекунанд, муайян карда мешаванд. 3. Қонуни мазкур муносибатҳои зеринро танзим намекунад: - тартиби қабул, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва қатъ намудани амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; - тартиби ба имзо расонидан, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқ, ҳамроҳшавӣ, бақайдгирӣ, интишор, иҷро намудан, бекор кардан (денонсатсия) ва боздоштани амали шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон; - тартиби қабул, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва қатъ намудани амали санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632); - оид ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ нашудаанд.
1 файл