eDavlat
Рамзҳои давлатӣ
TJ
TJ
RU
EN
Мақомоти давлатӣ
Боргирӣ…
Онлайн чат
Кушодани меню
TJ
TJ
RU
EN
🌲 Табрикоти Директори Агентии хоҷагии ҷангал ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз – 2026
More
🌲 Табрикоти Директори Агентии хоҷагии ҷангал ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз – 2026
Саҳифаи асосӣ
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
21 марти 2026
🌲 Табрикоти Директори Агентии хоҷагии ҷангал ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз – 2026
Баҳори нозанин омад, ҷаҳон гулбор мегардад, Зи файзи Наврӯзи олам дилҳо саршор мегардад. Бо камоли эҳтиром ва самимият Шуморо аз номи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани Ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик гуфта, бароятон тандурустии комил, рӯзгори осуда ва зиндагии саршор аз хушбахтӣ таманно менамоям. Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат ва оғози зиндагии нав, яке аз муқаддастарин ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин ҷашни бостонӣ мардумро ба покизагӣ, некандешӣ, дӯстиву бародарӣ ва эҳтироми арзишҳои волои инсонӣ ҳидоят менамояд. Бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, имрӯз ҳамчун ҷашни сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин дастоварди бузург мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Наврӯз муждаовари фасли баҳор, эҳёи табиат ва оғози корҳои созандагиву бунёдкорӣ буда, ба зиндагии инсон нуру таровати тоза мебахшад. Бо фаро расидани ин ҷашни фархунда, қалбҳо аз умеду ормонҳои нек лабрез гардида, инсон ба сӯи амалҳои неку созанда раҳсипор мегардад. Илова бар ин, ҷашни Наврӯз моро водор месозад, ки ба табиат бо меҳрубонӣ муносибат намуда, дар ободонии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем. Бигзор Наврӯзи хуҷастапай бароятон файзу баракат, бахту иқболи нек, комёбиҳои беназир ва дастовардҳои шоиста оварад. Орзумандам, ки дар ҳар хонадон сулҳу сафо, дар ҳар дил меҳру вафо ва дар ҳар рӯз шодиву нишот ҳукмрон бошад. Бигзор соли нави аҷдодӣ барои Шумо соли дастовардҳои нав, иқдомҳои созанда ва муваффақиятҳои беназир гардад.
Баҳори нозанин омад, ҷаҳон гулбор мегардад,
Зи файзи Наврӯзи олам дилҳо саршор мегардад.
Бо камоли эҳтиром ва самимият Шуморо аз номи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани Ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик гуфта, бароятон тандурустии комил, рӯзгори осуда ва зиндагии саршор аз хушбахтӣ таманно менамоям.
Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат ва оғози зиндагии нав, яке аз муқаддастарин ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин ҷашни бостонӣ мардумро ба покизагӣ, некандешӣ, дӯстиву бародарӣ ва эҳтироми арзишҳои волои инсонӣ ҳидоят менамояд.
Бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, имрӯз ҳамчун ҷашни сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин дастоварди бузург мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Наврӯз муждаовари фасли баҳор, эҳёи табиат ва оғози корҳои созандагиву бунёдкорӣ буда, ба зиндагии инсон нуру таровати тоза мебахшад. Бо фаро расидани ин ҷашни фархунда, қалбҳо аз умеду ормонҳои нек лабрез гардида, инсон ба сӯи амалҳои неку созанда раҳсипор мегардад.
Илова бар ин, ҷашни Наврӯз моро водор месозад, ки ба табиат бо меҳрубонӣ муносибат намуда, дар ободонии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Бигзор Наврӯзи хуҷастапай бароятон файзу баракат, бахту иқболи нек, комёбиҳои беназир ва дастовардҳои шоиста оварад. Орзумандам, ки дар ҳар хонадон сулҳу сафо, дар ҳар дил меҳру вафо ва дар ҳар рӯз шодиву нишот ҳукмрон бошад.
Бигзор соли нави аҷдодӣ барои Шумо соли дастовардҳои нав, иқдомҳои созанда ва муваффақиятҳои беназир гардад.
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон