Директори Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Кароматов Шарофиддин Шарифович доктори илмҳои кишоварзӣ пас аз ҳимояи корҳои илмии худ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Узбекистон соҳиби Дипломи докторӣ гардиданд.
Ба устоди гиромӣ ин унвони сатҳи баланди илмиро таҳният гуфта, дар ин ҷода барору комёбӣ ва муваффақиятҳои беназир таманно менамоем.
Бигзор дар роҳи пешрафту муаррифии илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳои назаррасро рӯи кор оварда, бо пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ намудани сиёсати илмии кишвар ва рушди соҳаҳои гуногуни илмӣ, пайи амалӣ намудани ҳадафҳои бузурги миллӣ талош намоянд.