ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ ДАР ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР
Наврӯз омад, Наврӯз ! Файзу хайрҳои соли нав - Наврӯзи аҷам ва хубиҳои доимии он пайгиратон бошад !!! Санаи 21 марти соли 2026 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо иштироки васеи намояндагони сохторҳои давлатӣ, илмӣ ва…
Наврӯз омад, Наврӯз !
Файзу хайрҳои соли нав -
Наврӯзи аҷам ва хубиҳои доимии он пайгиратон бошад !!!
Санаи 21 марти соли 2026 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо иштироки васеи намояндагони сохторҳои давлатӣ, илмӣ ва меҳмонони гиромӣ ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Дар чорабинии идона Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, академики АИКТ муҳтарам Салимзода Амонулло Файзулло, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур муҳтарам Маҳмадёрзода Усмон Маъмур, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, директори Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ Кароматзода Шарофиддин Шариф ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангии ниёгон, рамзи эҳёи табиат, оғози кишту кори баҳорӣ ва таҳкими дӯстиву ҳамбастагӣ ба ҳисоб рафта, дар рушди маънавию иҷтимоии ҷомеа нақши муҳим дорад. Ҳамзамон, зикр шуд, ки сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати эҳё ва рушди арзишҳои миллӣ, аз ҷумла таҷлили Наврӯз, барои таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
Дар чорабинии мазкур аз ҷониби олимони муассиса хони идона бо рамзҳои Наврӯзи Ҳафт син, Ҳафт шин, 11 навъҳои гуногуни ҳавло, ширинию шарбатҳо, суманак ороста шуд. Инчунин барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки ҳунармандон ва кормандон баргузор гардид, ки фазои идонаро боз ҳам рангин намуд.
Ҷашни Наврӯз дар муҳити илмӣ ва таълимии донишгоҳ ҳамчун рамзи оғози марҳилаи нави фаъолият, эҳёи табиат ва рушди соҳаи кишоварзӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таҷлил гардида, барои ҳозирин руҳияи болида ва умед ба ояндаи дурахшон бахшид.
Соли нави аҷдодӣ ва ҷашни байналмилалии Наврӯз муборак!
“ҲАР КУҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ,
ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ!”