ХУШХАБАР!
ХУШВАХТЗОДА ДИЛШОД САНГАЛӢ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ҲИМОЯ НАМУД
Дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 24 июли соли 2026, ҳимояи рисолаи номзадии сардори раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушвахтзода Дилшод Сангалӣ баргузор гардид.
Хушвахтзода Дилшод Сангалӣ дар мавзуи «Такмили механизми молиявии идоракунии таваррум дар шароити муосир (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, муовини раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоии касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Баҳрулло Раҳмон барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 5.2.17. Молия, муомилоти пулӣ ва қарз бомуваффақият ҳимоя намуд.
Кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хушвахтзода Дилшод Сангалиро бо ин дастоварди илмӣ муборакбод намуда, барояшон парвозҳои нави эҷодиро таманно дорем.