Чун сухан дар бораи ташаббуси беназири сулҳофарӣ меравад, қаблан калимаи сулҳро бояд шарҳ дод. Оре, сулҳ мафҳумест бузургу пуробуранг, ифодакунандаи амният, осоиштагӣ, озодӣ, истиқлолият ва нишонаи ободию зиндагии ороми давлату миллат ва таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ ва озодихоҳиву ватандӯстист.
Соли равон аз ба имзо расидани санади муҳиму тақдирсози кишварамон «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» 29 сол пур мешавад.
Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 2000-ум дар ҷаҳон Соли байналмилалии фарҳанги сулҳ эълон карда шуд ва боиси ифтихору сарбаландии мо тоҷикон аст, ки дар ин иқдом таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон низ ба эътибор гирифта шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 дар Муроҷиатнома ба муносибати имзо гардидани Созишномаи мазкур қайд намуданд ки: «Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳои 5-6 соли охир барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид. Вале агар шумо раванди расидан ба ин рӯзи муборакро пеши назар оред, дарк мекунед, ки мо дар ин чанд соли охир чӣ қадар монеаю мушкилот ва гирифторию печидагиҳоро пушти сар кардем».
Воқеан ҳам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба Ваҳдати миллӣ машаққатҳои зиёдро аз сар гузаронида, ҳатто ҷони худро дар хатар гузоштанд, то ки миллати азияткашидаи тоҷик ва давлати Тоҷикистон аз вартаи таназзул ва маҳвшавӣ раҳоӣ ёбанд ва сулҳу салоҳ, тинҷию амонӣ дар кишвар поянда бошад. Дар натиҷа, мардуми бо нангу номуси Тоҷикистон аз қаҳрамонӣ, шуҷоатмандӣ ва хирадмандии Пешвои миллат пуштибонӣ намуд ва имрӯз тамоми сокинони мамлакат зери парчами Ваҳдати миллӣ дар фазои орому осуда умр ба сар мебаранд ва ба сӯи ҷомеаи адолатпарвар равонанд.
Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ боис гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи муосир, чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ беш аз 151 кишварҳои ҷаҳон ба расмият шинохтанд ва Тоҷикистон имрўз бо 126-тои онҳо муносибатҳои дипломатиро роҳандозӣ намудааст. Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои 51 созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ гардида, зиёда аз 350 санадҳои ҳуқуқии байналмилалии бисёртарафа ва беш аз 1200 санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дутарафаро ба имзо расонидааст.
Боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ду даҳсолаи охир масъалаҳои вобаста ба обро дар чорчӯбаи рӯзномаи глобалӣ фаъолона пеш мебарад. Маҳз бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон гардида, барномаҳои «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд ва хушбахтона имрўзҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон амалӣ мегарданд. Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 19 феврали соли 2010 қатънома қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмиллалиро касб намуд. Даҳҳо дигар пешниҳодҳои Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои умумибашарӣ низ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудаанд, ки ҳамаи онҳо ифодагари нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими мақоми байналмилалии Тоҷикистон мебошанд.
Ташаббуси шашуми Пешвои миллат тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид 24 сентябри соли 2024 садо дод, барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мояи ифтихору сарбаландӣ аст, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин шуда, аз байни сарони давлатҳои ҷаҳон бо ин ташаббуси фарогиру хеле зарурӣ садо баланд намуданд. Ин ташаббус давоми мантиқии ҳамаи ташаббусҳои пешинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлиму экология буд.
Сулҳ неъматест, ки тамоми миллатҳову давлатҳо ба он ниёз доранд. Барои дарки он ки дар сиёсати дохилию хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи сулҳу суботу ваҳдат масъалаи меҳварӣ аст, мутолиаи матнҳои паёмҳои Президенти Тоҷикистон кофӣ мебошад.
Мояи ифтихору сарфарозии мо тоҷикон аст, ки пешниҳоди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо Қатъномаи махсус қабул карда шуд. Бо ин ташаббус ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар паём дода шуд, ки бо мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми кураи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомади даҳшатбори он танҳо таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда метавонад асоси воқеиро замина гузорад.
Тибқи муқаррароти ин санад, Маҷмаи Умумӣ солҳои 2027-2036-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон кардааст. Ҳадафҳои асосии Даҳсола аз мусоидат ба таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа, инчунин дастгирии таомул миёни наслҳо, аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон, бо назардошти ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда дар таҳияи сиёсат ва равандҳои қабули қарорҳо иборат мебошанд.
Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир таҳкими сулҳ ва субот бояд ба яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеаи байналмилалӣ табдил ёбад. Ташаббуси нави Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» ҷавобгӯйи талаботҳои замони муосир буда, барои густариши фарҳанги сулҳ ва таъмини зиндагии осоиштаи наслҳои имрӯзу фардо аҳаммияти байналмилалӣ дорад.
Ин ибтикороти сулҳофарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ғамхорӣ барои натанҳо як ё ду миллат аст, балки он барои кули башарият мебошад.
Ташаббуси навбатии Пешови миллат шуълаи умедро дар дили ҳазорон нафар мардумон, махсусан кӯдакону наврасони аз ҷанг азияткашида афрӯхта, умеду ормони онҳоро ба ояндаи дурахшон шуълавар месозад.
Зимнан, ин ташаббус ифтихорот ва шодию фараҳи беандозаи миллати тоҷикро ба 7 табақаи осмон расонид. Бо ифтихор дар назди наслҳои ҳозира ва оянда тоҷикон гуфта метавонанд, ки мо Сарваре дорем, ки паёми У паёми дӯстист, сулҳасту субот, оромию амният ва шукуфоию пешрафти тамоми самтҳои ҳаётан муҳим дар сароросари ҷаҳон мебошад.