Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ҳуҷҷатест, ки шакли давлатдории навини кишварро муайян мекунад ва тариқи он арзишҳо, ҳуқуқҳо ва вазифаҳои шаҳрвандон дар ҷомеа муайян мегарданд. Он ба шаҳрвандон вазифаҳои муҳими маънавӣ, ахлоқӣ ва шаҳрвандиро манзур менамояд.
Маълуми ҳамагон аст, ки дар замони муосир донишу иттилоот ба қувваи пешбарандаи ҷомеа табдил ёфта, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии сокинон вазифаи калидии низоми мањсуб меёбад. Конститутсия дар ин раванд нақши муҳим мебозад, зеро дониш ва огоҳии ҳуқуқии шаҳрванд кафолати татбиқи воқеии меъёрҳои он аст.
Дар шароити кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан давраи соҳибистиқлолӣ, қабули Конститутсия ва татбиқи он ҳамчун лоиҳаи стратегии давлатдорӣ маҳсуб гардидааст. Дар ин росто, Пешвои миллат иқдом намудаанд, ки нақши мардум дар таҳия ва қабули он, куллан ба назар гирифта шавад: «Конститутсияи мо аз андешаи ҳокимияти мардум ба воситаи мардум ва барои мардум, ки ҷавҳари асли соҳибихтиёрии халқ аст, сарчашма мегирад…». Ин ақида бозгӯи он аст, ки маърифатнокии шаҳрвандон ва ҳуқуқшиносии онҳо дар зери таъсири Санади олии ҳуқуқӣ ба вуҷуд меояд.
Дар ин раванд, моҳияти маърифатии Конститутсияро ба назар гирифтан љоиз аст. Зеро, маърифатнокии шаҳрванд - ин на танҳо донистани ҳуқуқ ва озодиҳо, балки дарки масъулияти худ ва фаъолияти фаъолона дар ҷомеа мебошад. Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, ки ба шаҳрвандон барои донистан ва татбиқи ҳуқуқ ва вазифаҳои худ замина мегузорад.
Ин фурсат, каломи Садри олии кишварро рӯи кор овардан сарфарозист, ки бо ифтихор мегӯянд: «Конститутсия… барои бунёди давлати мустақил заминаи устувор фароҳам овард ва дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши муҳим бозид». Ин таъкидот бар он аст, ки таҷрибаи воқеиро инъикос менамояд, яъне кафолати ҳуқуқӣ ва омӯзиши Конститутсия барои ҳар шаҳрванд муҳим буда, он ба фаъолияти давлатӣ, низом ва фарҳанги ҳуқуқӣ таъсири мусбиву созанда мерасонад.
Коршиносон Конститутсияро воситаи тарбияи шаҳрвандиву ҳуқуқӣ арзёбӣ кардаанд. Он имконият медиҳад, ки ҳар шаҳрванди кишвар худро на танҳо ҳамчун субъект, балки ҳамчун шахси фаъоли ҷомеа эҳсос намояд. Дар нақши он се унсур: дониш, эҳсос ва амал муҳим мебошад.
Мушоҳидаҳо собитгари онанд, ки дар заминаи ин ҳуҷҷат амалҳои созанда, озодӣ ва масъулият баён мегарданд. Яъне, Конститутсия бояд ба сифати фаъолияти омӯзгор, ки мураббиву мударриси насли фардосоз аст, амал намояд. Тарбияи шаҳрвандӣ тавассути омӯзиши Қонуни олии кишвар дар муассисаҳои таълимӣ, имконпазирии пайдоиши ҷаҳонибинии ҳуқуқӣ ва фарҳанги қонунӣ мусоидат мекунад.
Озодӣ ва оромии имрӯзаи мо маҳз аз фазои ҳуқуқии Конститутсия сарчашма мегирад, ки дар он волоияти қонун, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон таъмин мегардад.
Ҳар як моддаи Конститутсия бо ҳаёти имрӯзаи мо иртиботи зич дорад, зеро ҳуқуқ ба таҳсил ва меҳнат, озодии виҷдон ва сухан, ҳифзи оила ва муҳити зист, таъмини баробарии гендерӣ ва адолати иҷтимоӣ - ҳамаи ин кафолатҳои қонунӣ аз ҳамин санади муқаддас сарчашма мегиранд.
Конститутсияро дар ташаккули ҷомеаи соҳибмаърифат санади роҳнамо меҳисобанд. Зеро шаҳрвандии соҳибмаърифат он ҳолатест, ки шахс дорои огоҳӣ дар бораи ҳуқуқ ва вазифаҳои худ огоњ буда, эҳсоси масъулият намуда, лар чорабинињои сиёсӣ ва иҷтимоӣ фаъолона иштирок менамояд. Конститутсия дар ин ҷараён ҳамчун асос ва меъёр хизмат мекунад, ки сарчашмаи ҳуқуқии пешрафти ҷомеа ва кафили волоияти қонун мебошад.
Дар кишваре, ки Конститутсия дар амал эҳтиром ва татбиқ мешавад, пояҳои давлатдорӣ мустаҳкам ва сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон баланд мегардад. Ин санад бар асоси принсипҳои озодӣ, адолат, баробарӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон таҳия шуда, аз таҷрибаи таърихии давлатдории тоҷикон илҳом гирифтааст.
Он пояи ягонагии ҷомеа, кафили ваҳдати миллӣ ва воситаи асосии таъмини суботи сиёсиву иҷтимоӣ ба шумор меравад. Дар моддаҳои он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ муқаррар гардидаанд ва ҳифзи онҳо вазифаи давлат дониста мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар ҳақ таъкид намудаанд: «Конститутсия оинаи давлатдории миллӣ, ҳидоятгари ҳаёти осоиштаи ҷомеа ва заминаи пешрафти ояндаи миллат аст». Ин ҳидоятҳо нишон медиҳад, ки қонуни асосӣ роҳнамои воқеии ҳар як шаҳрванд дар зиндагии ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ӯст.
Хулосаи сиёсӣ ва таърихии Пешвои миллат, ки ҳамчун ташаббускор, роҳнамо ва ҳаммуаллифи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини миллӣ нақши калидӣ доранд, дар ҳамаи паёмҳо ва суханрониҳои барномавии худ ба таври возеҳ инъикос меёбад.
Ин ҳидояти сиёсӣ ва дурнамоии стратегӣ, ки аз диди давлатсозии миллии Пешвои миллат сарчашма мегирад, дар худ як ҳақиқати муҳимро таҷассум менамояд: танҳо давлатдории миллӣ - бо такя ба арзишҳои миллӣ, худшиносӣ, ваҳдат ва қонуният - метавонад омили аслии пойдории давлат, кафили истиқлолу озодӣ ва заминаи рушди устувори ҷомеа гардад.
Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки пойдории давлат танҳо дар он сурат таъмин мешавад, ки қонун ва қонуният меъёри зиндагӣ бошад ва шаҳрвандон бо эҳсоси масъулияти миллӣ ва садоқат ба арзишҳои Конститутсия зиндагӣ кунанд.
Дар ин замина, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки харитаи сиёсӣ ва маънавии миллат мебошад, ки бо иродаи мардум қабул шуда, ҳамчун дастури зиндагӣ барои имрӯз, фардо ва ояндаи дури таърихӣ хизмат мекунад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобатнокии ҷаҳонӣ маърифатнокии шаҳрвандон гурӯҳи авлавиятнок аст, зеро ин Санади олӣ имкон медиҳад, ки ин маърифат шакл гирад. Аз ин рӯ, омӯзиши мунтазам ва риояи меъёрҳои конститутсионӣ вазифаи ҳар як муассиса, ҳар омӯзгор ва ҳар шаҳрванд аст — то ояндаи соҳибмаърифат ва қонунманд дошта бошем.
Тасдиқ гардидааст, дар замони имрӯз озодӣ, сулҳ ва оромии ҷомеаи мо маҳз дар асоси меъёрҳои ин Санади олии кишвар таъмин мегардад. Дар он ҳуқуқи инсон ба зиндагии шоиста, таҳсил, меҳнат, амният ва озодии виҷдон кафолат дода шудааст. Ин кафолатҳо на танҳо меъёри ҳуқуқӣ, балки арзиши иҷтимоиву ахлоқии давлатдории миллӣ мебошанд. Пешвои фардосози миллат борҳо дар Паёмҳои хеш баён доштанд: «То замоне ки мо ба Конститутсия арҷ мегузорем ва меъёрҳои онро эҳтиром мекунем, давлат дорои субот, амният ва ваҳдат хоҳад буд». Бар ҳақ, ин ҳуҷҷати муқаддас ва сарнавиштсози миллат - халқро ба озодӣ, ваҳдат ва зиндагии осуда раҳнамоӣ менамояд. Он рамзи пояндагии давлат, ифтихори миллӣ ва кафили сулҳу субот дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо мо дар арафаи таҷлили ин рӯзи муқаддас, ки рамзи давлатдориву кафили ваҳдат ва ягонагии мост, тамоми шаҳрвандони кишварро бо эҳсоси самимии ватандӯстӣ табрик гуфта, таманно дорем, ки пояҳои давлати ҳуқуқбунёд ва сулҳпарвари мо боз ҳам устувортар гардад ва фазои озодиву осудагӣ дар сарзамини мо ҳамеша ҷовидона боқӣ монад.
Сафарзода Сафармад Саид – сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон