Саидзода Муҳаммадтоир Саид
Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2020, №1557 таъсис ёфтааст.
Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон дар структураи идоракунии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, сиёсати ягонаи назорати давлатиро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон амалӣ мекунад ва дар фаъолияти худ ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 марти соли 2007, №105 Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф таъсис дода шуд. Хадамот аз ду раёсат: Раёсати ташкили назорати давлатӣ ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот ва Раёсати аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ иборат буд. Раёсати аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ аз 3 шуъба иборат буд, ки яке аз шуъбаҳои он шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба шумор мерафт. Шуъбаи мазкур иборат аз 4 нафар корманд (мудири шуъба, 2 сармутахассис ва 1 мутахассиси пешбар) кор ва фаъолият менамуданд.