Амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, худкифо шудани Тоҷикистон аз лиҳози таъмини маводи ғизоӣ, вазифаи аввалиндараҷа ба шумор меравад.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ҷиҳати афзун намудани молу маҳсулоти кишоварзӣ, коркард, пешгирӣ аз талафёбии ҳосил, нигаҳдорӣ ва бастубанди он баҳри содирот ба хориҷи кишвар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди марказҳои агрологистикӣ нақша гирифта шудааст.
Маркази агрологистикӣ дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” бо имконияти коркард, бастубанд ва нигоҳдории зиёда аз 1200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ бо тарҳи нави муосир бунёд гардида мушкилоти кишоварзонро осон мегардонад.
Санаи 11.06.2026 мутахассисони масоили иҷтимоӣ ва экологии Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” мониторинги экологию иҷтимоиро дар раванди бунёди марказҳои агрологистикӣ баргузор намуданд.
Ҳамчунин дар марҳилаи рафти корҳо ҷиҳати иҷроиши нақшаи идоракунии муҳити зист бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳо, натиҷаҳои арзёбии таъсир ба муҳити зист, тибқи талаботҳои стандартҳои иҷтимоиву экологӣ Бонки ҷаҳонӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ, техникаи бехатарӣ, иҷроиши талаботу меъёрҳои амалкунандаи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, механизми баррасии арзу дархостҳо ва иҷроиши дигар Қонунҳои амалкунанда маълумотҳои муфассал пешкаш карда шуд.
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар маркази агрологистикии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо маром идома дошта, коргарони иншооти мазкур кӯшиш доранд, ки ин иншооти бузургро бо сифати баланду тарҳи муосир сари вақт ба анҷом расонанд.