Дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” корҳои сохтмонии бинои сеошёнаи “Маркази илмии кишоварзии Помир” оғоз гардид.
Мутахассисони муассиса бо пудрачиёни иншооти мазкур дар рафти оғози корҳои сохтмонӣ ки тибқи талаботи меъёрҳои стандартӣ бо сифати баланд бунёд мегардад вохӯрӣ намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии корҳои базимадошта, тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.
Айни замон корҳои сафарбаркунӣ аз қабили омода намудани майдончаҳои захираи масолеҳҳои сохтмонӣ, омодасозии замин барои зери сохтмони бинои асосӣ идома дошта, корҳои рехтани зербетони таҳкурсии бино пурра ба анҷом расонида шудааст.