Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои гуногуни кишвар давра ба давра рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.
Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати мустаҳкам намудани баззаи модиву техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии кори мутахассисони соҳаи кишоварзӣ якқатор техникаву таҷҳизотҳои муосирро бо теъдодҳои гуногун харидорӣ намуда, дастраси онҳо гардонид.
Қобили зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муассиса дар доираи лоиҳа санаи 23 декабри соли ҷорӣ 4 адад автомошинаи сабукрави тамғаи “Тойота Хайлюкс” ба КВД «Навъҳои тухмии Тоҷикистон”, 136 адад ҷузвдон бо таҷҳизотҳои хурди корӣ барои корҳои саҳроӣ ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 6 адад дронҳои хурду калон барои нобудсозии ҳашаротҳои зараррасони зироатҳо (мубориза бар зидди паҳншавии малах) ба Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” бо иштироки ҳайати комиссия дастрас карда шуд.
Таҷҳизотҳои дастрасгардидаи муосир сифати хуб дошта, барои баланд бардоштани самаранокии кори мутахассисон равона гардидааст.