Дар Душанбе 16-умин Муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон баргузор гардид
23-юми ноябри соли 2026 16-умин Муколама оид ба ҳуқуқи инсон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Вазорати адлия баргузор гардид.
Дар Муколама ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Иттиҳоди Аврупо бо дар ҳамроҳӣ бо сафирони як қатор кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, инчунин як вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва равандҳои охирини соҳаи ҳуқуқи инсон ва демократия мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои дастрасӣ ба адолати судӣ, пешгирии шиканҷа, озодии иттиҳодияҳо, ҳуқуқҳои рақамӣ, баробарии гендерӣ, ҳуқуқҳои занон ва кӯдак, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, инчунин ҳамкорӣ бо механизмҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсонро баррасӣ карданд.
Дар анҷоми Муколама ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба, расонидани кумаки техникӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, инчунин иқдомоти минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.