22 майи соли 2026 дар Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон рӯзи саҳро дар мавзӯи «Технологияи парвариши зироатҳои лӯбиёгӣ дар заминҳои лалмии мутобиқ ба тағйирёбии иқлим» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, кооперативҳои истеҳсолӣ, хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ, иҷоракорон, магистрон, унвонҷӯён ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои муҳими вобаста ба парвариш ва истеҳсоли зироатҳои лӯбиёгӣ, аз ҷумла нахуд, наск ва мош, баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, ба усулҳои агротехникаи парвариши онҳо дар заминҳои лалмӣ ва обӣ, селексия ва имкониятҳои тухмипарварӣ дар рушди соҳа, диверсификатсияи зироатҳо, татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот, истифодаи технологияҳои муосир барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд.
Коршиносон таъкид намуданд, ки дар шароити тағйирёбии иқлим ва гармшавии ҳарорати ҳаво, парвариши зироатҳои лӯбиёгӣ, аз қабили нахуд, наск ва мош дар заминҳои лалмӣ ва обӣ аҳамияти муҳим дошта, дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ саҳми назаррас мегузорад.
Ҳамзамон, иштирокчиён зарурати тақвияти ҳамкории олимону мутахассисони муассисаҳои илмӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва татбиқи навъҳои ба хушксолӣ устувору ноҳиябандишудаи зироатҳои лӯбиёдонагиро дар истеҳсолот муҳим арзёбӣ карданд.
Дар анҷоми рӯзи саҳро бо дарназардошти пешниҳодҳои иштирокчиён ҷиҳати таҳкими робитаи муассисаҳои илмӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ, такмили селексияи навъҳои серҳосилу ба хушксолӣ устувор, истифодаи тухмиҳои хушсифати репродуксионӣ, риояи қоидаҳои илман асоснокшудаи агротехникӣ ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ тавассути семинару рӯзҳои саҳро ва барномаҳои телевизионӣ тавсияҳои мушаххас қабул гардиданд.