16 сентябри соли ҷорӣ ҷаласаи солонаи Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба масъалаҳои гендерӣ дар мавзӯи «Пешбурди ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва тавонмандсозии иқтисодии занон дар шароити иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди сабз» дар шакли маҷозӣ тавассути платформаи Zoom…
16 сентябри соли ҷорӣ ҷаласаи солонаи Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба масъалаҳои гендерӣ дар мавзӯи «Пешбурди ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва тавонмандсозии иқтисодии занон дар шароити иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди сабз» дар шакли маҷозӣ тавассути платформаи Zoom баргузор гардид.
Ҷаласаи мазкур аз ҷониби Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) дар ҳамкорӣ бо Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) баргузор гардида, дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, вазорату идораҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои дахлдори кишварҳои узви Барномаи махсуси СММ барои иқтисодҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА) иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои марбут ба сиёсати кишварҳои аъзо дар самти таъмини ҳуқуқу имкониятҳои иқтисодии занон, фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъоли занон дар иқтисоди рақамӣ ва сабз, инчунин омӯзиши мутақобила ва мубодилаи таҷрибаҳои пешқадам мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар кори ҷаласа намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, дар мавзӯи «Ташаббусҳои амалишуда ва таҷрибаҳои пешқадам барои пешбурди ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занон дар заминаи иқтисоди рақамӣ ва сабз» маърӯза намуд.
Зимни баромад таҷрибаи Тоҷикистон дар самти татбиқи ташаббусҳои давлатӣ, фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ барои занон, рушди малакаҳои рақамӣ, дастгирии соҳибкории занон ва фароҳамсозии заминаҳои мусоид барои иштироки онҳо дар равандҳои иқтисодии муосир муаррифӣ гардид.
Ҷаласаи солонаи Гурӯҳи кории СПЕКА барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ, мубодилаи таҷриба ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ ҷиҳати пешбурди ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва тавонмандсозии иқтисодии занон заминаи мусоид фароҳам овард.