1 сентябр дар доираи сиёсати маорифпарварона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки оилаҳои ниёзманд мулоқоти судманд баргузор гардид.…
1 сентябр дар доираи сиёсати маорифпарварона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки оилаҳои ниёзманд мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар раванди мулоқот дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои таълиму тарбия, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи кӯдак, таҳкими арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти Ватан ба иштирокчиён расонида шуданд.
Роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,таъкид намуданд, ки оила ҳамчун асоси ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд нақши калидӣ дошта, ҳар як падару модар бояд барои донишомӯзӣ, ахлоқи ҳамида, одоби миллӣ ва ояндаи шоистаи фарзандон масъулияти баланд дошта бошад.
Ҳамзамон, бо ташаббус ва дастгирии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша ба зиёда аз 80 нафар фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ дастрас карда шуд. Ин иқдоми хайрхоҳона дар остонаи соли нави таҳсил барои фарзандони оилаҳои ниёзманд дастгирии воқеӣ буда, ба онҳо имкон медиҳад, ки соли нави таҳсилро бо рӯҳияи болида ва эҳсоси хушбахтӣ оғоз намоянд.
Тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат, ватандӯсту худшинос ва дорои ахлоқи ҳамида яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.