Имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мактаби мусиқии ба номи Одина Ҳошим ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Пеш аз оғози…
Имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мактаби мусиқии ба номи Одина Ҳошим ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Пеш аз оғози чорабинӣ намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони ҷумҳурӣ ва намоиши китобҳои пурарзиши Пешвои миллат ба марази тамошо гузошта шуда, пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Чорабинӣ бо суруди миллӣ оғоз гардида, ҳамоишро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша оғоз намуд.
Дар кори Ҳамоиш намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоирону нависандагон, аҳли зиёи кишвар ва бонувони фаъоли вазорату кумитаҳои дахлдор иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш аз ҷумла қайд гардид, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди таърихи нави халқи тоҷик аст. Ин ҷашни муқаддас соҳибихтиёрии давлат, ваҳдати миллӣ ва озодии ҳар як шаҳрванди кишварро таҷассум намуда тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардид.
Кишвари мо ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гашта, дар ҳалли масъалаҳои глобалии об ва иқлим нақши калидӣ мебозад. Дар радифи амалишавии сиёсати ҳадафмандона ва воқеъбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибихтиёрӣ мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа ҷойгоҳи арзанда ва шоистаро касб намуд.