20 августи соли 2026 дар арафаи истиқболи 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази дӯзандагии “Chakan House” ифтитоҳ…
20 августи соли 2026 дар арафаи истиқболи 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази дӯзандагии “Chakan House” ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи марказ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша, Раиси ноҳияи Данғара Саломзода Сиҷоуддин, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Хайрзода Шукрулло, роҳбари Маркази дӯзандагии “Chakan House” Ромиш Одиназода – дар шаҳри Душанбе ва меҳмонон иштирок намуданд.
Мақсади асосии фаъолияти маркази дӯзандагӣ бо ҷойи кор таъмин намудани занони ҳунарманди хонашин буда, айни замон 40 нафар зан дар он ба фаъолият оғоз намуданд, ки ин иқдом ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва устувории иқтисодии оилаҳо таъсир мусбат хоҳад расонд.