Гурӯҳи тарғиботӣ-ташвиқотии "Таблиғгарони Истиқлол" дар ноҳияи Шаҳринав бо сокинон-зиёиён аҳли дин вохӯрӣ намуданд. Дар вохӯрӣ муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Чаманоро суханронӣ намуда, иброз…
Гурӯҳи тарғиботӣ-ташвиқотии "Таблиғгарони Истиқлол" дар ноҳияи Шаҳринав бо сокинон-зиёиён аҳли дин вохӯрӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Чаманоро суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон неъмати бузург ва дастоварди тақдирсоз ба ҳисоб рафта, ҳифз ва таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Одиназода Чаманоро таъкид намуд, ки дар шароити имрӯза баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии ҷомеа, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуб аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки занон ва оила ҳамчун рукни асосии ҷомеа дар таҳкими сулҳу субот, тарбияи фарзандони солим ва соҳибмаърифат, инчунин дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат нақши муҳим доранд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарон ва таҳкими мақоми оила яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид шуд, ки бо иштироки фаъолонаи зиёиён, аҳли дин ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавон барои таҳкими сулҳу ваҳдат, суботи ҷомеа ва ободии Ватан саҳми арзанда гузошт.