Зимни боздид аъзои гурӯҳ бо фаъолияти коргоҳ, раванди истеҳсол ва дӯхти либосҳо, инчунин маҳсулоти омодашуда шинос гардида, бо занону духтарони коргоҳ суҳбат намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳ истифода аз таҷҳизоти муосир намудҳои гуногуни…
Зимни боздид аъзои гурӯҳ бо фаъолияти коргоҳ, раванди истеҳсол ва дӯхти либосҳо, инчунин маҳсулоти омодашуда шинос гардида, бо занону духтарони коргоҳ суҳбат намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳ истифода аз таҷҳизоти муосир намудҳои гуногуни либосҳои миллӣ ва дигар маҳсулоти дӯзандагӣ омода карда мешаванд.
Масъулони коргоҳ иброз доштанд, ки барои рушди соҳаи дӯзандагӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии истеҳсолоти ватанӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидаанд. Фаъолияти чунин коргоҳҳо дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва рушди соҳибкории истеҳсолӣ саҳми назаррас мегузорад.
Гурӯҳи таблиғотии «Таблиғгарони Истиқлол» зимни суҳбат бо кормандон таъкид намуд, ки рушди истеҳсолоти ватанӣ, истифодаи маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ аз омилҳои муҳими пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳисоб мераванд.