7 августи соли равон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат гурӯҳи таблиғотию ташвиқотии «Таблиғгарони Истиқлол» таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода аз намоиши ҳунарҳои мардумии…
7 августи соли равон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат гурӯҳи таблиғотию ташвиқотии «Таблиғгарони Истиқлол» таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода аз намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони Ҷамоати деҳоти Чӯянгарон дидан намуданд.
Дар намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандон, аз ҷумла чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва дигар намунаҳои санъати миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд.
Меҳмонон ба маҳорати ҳунармандон ва сифати маҳсулоти пешниҳодшуда баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки ҳифзу эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии занони ҳунарманд ва рушди ҳунармандии миллӣ аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ба шумор рафта, дар муаррифии фарҳанги миллӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми арзанда дорад.
Дар фарҷом аз ҳунармандони Ҷамоати деҳоти Чӯянгарон даъват ба амал оварда шуд, ки дар рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ боз ҳам саҳми назаррас гузоранд.