Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумита Бунафша Файзиддинзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод ташриф овард. Сафари кории раиси Кумита аз деҳаи дурдасти Чилдухтарони Ҷамоати…
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумита Бунафша Файзиддинзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод ташриф овард.
Сафари кории раиси Кумита аз деҳаи дурдасти Чилдухтарони Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон оғоз ёфт. Дар ин деҳа ӯ бо занону бонувон, фаъолзанон ва ҳунармандони маҳаллӣ вохӯрии самимӣ баргузор намуда, аз вазъи зиндагӣ, фаъолияти онҳо ва шароити рушди ҳунарҳои мардумӣ аз наздик шинос шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳунармандони маҳаллӣ маҳсули дастони худро, аз ҷумла сӯзанидӯзиҳои нозук, гулдӯзиҳои рангоранг, чаканҳои миллӣ ва дигар намунаҳои ҳунарҳои мардумиро ба маърази тамошо гузоштанд. Раиси Кумита ба маҳорати занони ҳунарманд баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки ҳифз ва рушди ҳунарҳои миллӣ яке аз омилҳои муҳими муаррифии фарҳанги тоҷикон ва фароҳам овардани имкониятҳои нави шуғл барои занон мебошад.
Зимни суҳбат Бунафша Файзиддинзода ба масъалаҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таҳкими оила, тарбияи дурусти фарзандон, ҷалби духтарон ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Ӯ изҳор дошт, ки саҳми занону модарон дар тарбияи насли наврас, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа бисёр муҳим мебошад.
Ҳамзамон раиси Кумита сокинони ноҳия, бахусус занону модаронро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонавода сулҳу оромӣ, саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу намуд. Ӯ таъкид кард, ки ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд дар рушду пешрафти Ватан, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими ваҳдати миллӣ саҳми арзандаи худро гузорад.
Дар анҷоми вохӯрӣ занону бонувони деҳаи Чилдухтарон барои таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба занону оилаҳо изҳори сипос намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст баён карданд.