Дар шаҳри Бишкек Форуми занони Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти унвони «Роҳбарии занон» баргузор гардид. Чорабинӣ рӯзҳои 26–27 июн дар доираи раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар СҲШ дар соли 2026 баргузор мегардад. Дар кори форум ҳайати Ҷумҳурии…
Дар шаҳри Бишкек Форуми занони Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти унвони «Роҳбарии занон» баргузор гардид. Чорабинӣ рӯзҳои 26–27 июн дар доираи раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар СҲШ дар соли 2026 баргузор мегардад.
Дар кори форум ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иштирок дорад.
Форум намояндагони мақомоти давлатии кишварҳои узви СҲШ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон, занони соҳибкор ва роҳбарони ҳаракатҳои занонро ба ҳам овардааст.
Дар доираи чорабинӣ масъалаҳои таҳкими нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, иштироки онҳо дар қабули қарорҳо, рушди соҳибкории занон, таъмини баробарии гендерӣ ва густариши ҳамкории минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Барномаи форум аз се ҷаласаи асосӣ иборат буда, мавзӯъҳои «Роҳбарии занон: нақши занон дар қабули қарорҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ», «Нақши занон дар рушди иқтисодӣ» ва инчунин муҳокимаи роҳҳои тавсеаи ҳуқуқу имконияти занонро фаро мегирад.
Форуми занони СҲШ ба таҳкими ҳамкории кишварҳои узви созмон дар самти баланд бардоштани мақоми занон ва рушди устувор мусоидат менамояд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки форуми мазкур аз соли 2018 инҷониб мунтазам баргузор шуда, ҳамчун як платформаи байналмилалӣ барои мубодилаи таҷриба, муҳокимаи масъалаҳои мубрами рӯз ва таҳияи равишҳои мувофиқашуда ҷиҳати рушди ҳуқуқ ва озодиҳои занон пешбинӣ гардидадааст.