Гурӯҳи «Навои модарони ваҳдатсаро» дар Ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом бо сокинон вохӯрӣ намуданд. Иброз гардид, ки имрӯз мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии…
Гурӯҳи «Навои модарони ваҳдатсаро» дар Ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом бо сокинон вохӯрӣ намуданд.
Иброз гардид, ки имрӯз мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ омодагии ҳамаҷониба дида, бо руҳияи баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар корҳои созандагиву ободонӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Зимни мулоқот иштирокчиён доир ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ, нақши сарнавиштсози Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ андешаронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки маҳз бо шарофати сулҳу ваҳдат Тоҷикистон ба марҳилаи рушди устувор ворид гардида, имрӯз бо қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи дурахшон ҳаракат дорад.
Баромадкунандагон ҷавонон ва тамоми шаҳрвандонро ба ҳифзу гиромидошти ин неъмати бебаҳо, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан даъват намуданд.
Мулоқот дар фазои самимӣ, руҳияи баланди маънавию ватандӯстӣ ва эҳсоси ифтихор аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ баргузор гардида, аз ҷониби сокинони ҷамоати деҳоти Патар бо самимияти хосса истиқбол ва ҷонибдорӣ карда шуд.