Дар ноҳияи Данғара ҷамъбасти сафари гурӯҳҳои таблиғию ташвиқотии «Навои модарони ваҳдатсаро» дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардид. Меҳмононро раиси ноҳияи Данғара муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин ва дигар масъулини мақомоти…
Дар ноҳияи Данғара ҷамъбасти сафари гурӯҳҳои таблиғию ташвиқотии «Навои модарони ваҳдатсаро» дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардид. Меҳмононро раиси ноҳияи Данғара муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин ва дигар масъулини мақомоти маҳаллӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Дар оғози чорабинӣ иштирокчиёни корвон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии тоҷикӣ дидан намуда, бо фарҳангу суннатҳои миллӣ ва маҳорати кадбонуҳои ноҳия аз наздик шинос шуданд. Маҳорати пазандагӣ ва ҳунари занону бонувон мавриди таваҷҷуҳи меҳмонон қарор гирифт.
Ҳамчунин, меҳмонон ба Осорхонаи Пешвои миллат ташриф оварда, бо таърихи давлатдории навини тоҷикон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва фаъолияти созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз наздик шинос шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ дар Қасри фарҳанги ноҳия барномаи бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода иштирок ва суханронӣ намуда, аз нақши муҳими занону модарон дар таҳкими сулҳу ваҳдат, тарбияи насли ватандӯст ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ёдовар шуданд.
Таъкид гардид, ки Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» ҳамчун ташаббуси муҳими маънавию фарҳангӣ дар таҳкими дӯстиву ҳамбастагӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва тарғиби ғояҳои сулҳу ваҳдат миёни ҷомеа саҳми арзанда мегузорад.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия суруду таронаҳои ватандӯстона ва барномаҳои ҷолиби консертӣ манзури иштирокдорон гардонида шуда, ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хоса бахшиданд.