Бо мақсади таҳкими донишҳои касбӣ, рушди малакаҳои роҳбарӣ ва омода намудани занону духтарони фаъол барои ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос аз рӯйи…
Бо мақсади таҳкими донишҳои касбӣ, рушди малакаҳои роҳбарӣ ва омода намудани занону духтарони фаъол барои ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос аз рӯйи барномаи «Малакаи роҳбарӣ» барои намояндагони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бомуваффақият ҷамъбаст гардид.
Дар маросими ҷамъбасти курс раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша иброз дошт, ки сиёсати давлату Ҳукумат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, рушди неруи зеҳнӣ ва ҷалби бештари онҳо ба идоракунии давлатӣ равона гардидааст.
Қайд карда шуд, ки рушди малакаҳои роҳбарӣ, такмили донишҳои касбӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ аз омилҳои муҳими ташаккули кадрҳои соҳибкасбу ташаббускор ба шумор рафта, барои пешрафти ҷомеа ва татбиқи босамари сиёсати давлатӣ мусоидат менамояд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша таъкид намуд, ки занону духтарони тоҷик имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолияти самаранок дошта, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Аз ин рӯ, фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиш, такмили ихтисос ва рушди қобилияти роҳбарии онҳо аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Кумита мебошад.
Иштирокчиёни курс зимни суханронӣ аз имкониятҳои фароҳамшуда барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва таҷрибаи касбӣ изҳори сипос намуда, омодагии худро барои истифодаи донишҳои андӯхта дар фаъолияти минбаъда баён карданд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба иштирокчиён барои иштироки фаъол ва хатми бомуваффақияти курси такмили ихтисос гувоҳномаҳо тақдим гардида, ба онҳо дар фаъолияти минбаъда барору комёбиҳо орзу карда шуд.