Дар доираи амалисозии нақша-чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таҳкими арзишҳои миллӣ ва тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ,…
Дар доираи амалисозии нақша-чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таҳкими арзишҳои миллӣ ва тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ, санаи 6 апрели соли 2026 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон» аксияи фарҳангӣ-маърифатии «Тоҷикона мепӯшем» дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳо, аз ҷумла Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории аксияи «Тоҷикона мепӯшем» пеш аз ҳама эҳё ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии миллӣ, тарғиби либоси миллӣ ҳамчун унсури муҳими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, инчунин пешгирии тақлид ба фарҳангҳои бегона ва тақвияти завқи зебоипарастии ҷомеа, махсусан миёни занону духтарон, мебошад.