Имрӯз дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. Чорабинӣ бо иштироки роҳбарият, кормандони кумита, занону бонувони фаъол, таълимгирандагон ва…
Имрӯз дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. Чорабинӣ бо иштироки роҳбарият, кормандони кумита, занону бонувони фаъол, таълимгирандагон ва кормандони Маркази таълимии "Чароғи ҳидоят"-и назди кумита баргузор шуд.
Дар оғози чорабинӣ меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастархони идонаи наврӯзӣ дидан намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша зимни суханронӣ ҳозиринро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик намуда, иброз дошт, ки Наврӯз рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, покизагӣ ва ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмии мардум мебошад.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша ҳамчунин нақши занону модаронро дар ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ махсус қайд намуда, зикр кард, ки маҳз занон ҳамчун посдорони фарҳанг ва анъанаҳо дар тарбияи насли наврас, таҳкими оила ва нигоҳдории суннатҳои миллӣ саҳми арзишманд мегузоранд. Таъкид гардид, ки эҳёи расму ойинҳои миллӣ, аз ҷумла анъанаҳои наврӯзӣ, барои таҳкими худшиносии миллӣ ва боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ аҳамияти калон дорад.
Чорабинии идона дар рӯҳияи баланди миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии ниёгон баргузор гардида, ҳамчун қадами муҳим дар самти ҳифзу тарғиби анъанаҳои миллӣ ва таҳкими нақши зан дар ҷомеа арзёбӣ шуд.
Инчунин баҳри болидарӯҳии меҳмонон ва иштирокчиён барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид, ки ба чорабинӣ ҳусну таровати тоза бахшид.