Дар доираи ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба вазъи занон (CSW) Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода бо ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, муовини директори иҷроияи ниҳоди СММ-занон…
Дар доираи ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба вазъи занон (CSW) Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода бо ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, муовини директори иҷроияи ниҳоди СММ-занон (UN Women) Кирси Мади вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистонро бо сохтори СММ-занон дар самтҳои тавсеаи имкониятҳои занон, пешбурди баробарии гендерӣ ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар вохӯрӣ инчунин оид ба дастгирии барномаҳои миллӣ дар соҳаҳои рушди соҳибкории занон, таҳкими ниҳоди оила ва баланд бардоштани дастрасии занон ба имкониятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мубодилаи афкор намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои амалӣ дар ин самтҳо таъкид карда шуд.