11 марти соли 2026 ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан (CSW-70), ки…
11 марти соли 2026 ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан (CSW-70), ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста аз талошҳои байналмилалӣ барои пешбурди рӯзномаи «Занон, сулҳ ва амният» ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон сиёсати давлатиро барои тавсеаи иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар амалӣ менамояд.
Тоҷикистон сиёсати давлатӣ оид ба баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатро пайгирона амалӣ менамояд. Аз ҷумла буҷети Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2022–2026 ба андозаи 151 фоиз афзоиш ёфтааст, ки ин аз таваҷҷуҳи давлат ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон ва тавонмандсозии онҳо шаҳодат медиҳад.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иттилоъ дод, ки тақрибан 28 фоизи вакилони парламент ва беш аз 30 фоизи хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд. Дар низоми таҳсилоти олӣ низ зиёда аз нисфи донишҷӯёнро духтарон ташкил дода, ин нишондиҳанда аз афзоиши имкониятҳои таҳсил ва ташаккули насли нави занони роҳбар дарак медиҳад.