Имрӯз, 26 феврал дар ҳошияи баргузории Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Саҳми занон дар рушди илм» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши дастовардҳои бонувони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ баргузор гардид. Дар рафти ин…
Имрӯз, 26 феврал дар ҳошияи баргузории Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Саҳми занон дар рушди илм» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши дастовардҳои бонувони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ баргузор гардид.
Дар рафти ин чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша вапрезиденти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахтзода иштирок намуда, аз дастовардҳои илмӣ ва таҳқиқотии бонувону занони Академия аз наздик шинос шуданд.
Дар намоиш натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, ихтироот, дастовардҳои технологӣ, китобу монографияҳо ва лоиҳаҳои илмии амалӣ, ки аз ҷониби бонувони олим омода гардидаанд, муаррифӣ шуданд. Муаллифон ва мутасаддиёни ҳар як бахш ба меҳмонон ва иштирокдорон оид ба муҳтавои корҳо, аҳаммияти илмӣ ва татбиқии онҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Зимни боздид меҳмонон саҳми арзандаи занони олимро дар рушди илм, таҳкими иқтидори зеҳнӣ ва пешбурди самтҳои афзалиятноки таҳқиқотӣ баланд арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки дастгирии фаъолияти илмии бонувон омили муҳими рушди устувори ҷомеа ва тақвияти нуфузи илми миллӣ мебошад.