Имрӯз, 26-уми феврал бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дастгирии СММ-Занон бахшида ба Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм Конференсияи…
Имрӯз, 26-уми феврал бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дастгирии СММ-Занон бахшида ба Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Саҳми занон дар рушди илм» баргузор гардид.
Зикр шуд, ки ин ҳамоиш соли сенздаҳум аст, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор мегардад ва ду соли охир ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шудааст. Конференсия дар заминаи эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва панҷсолаи рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия таҳти роҳбарии раиси Кумита Файзиддинзода Бунафша доир шуд.
Дар кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, номзади илмҳои техникӣ Мансурӣ Дилрабо, намояндагони роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олимону академикон ва намояндаи СММ-Занон иштирок ва суханронӣ намуда, аз сиёсати илмпарваронаи давлату Ҳукумат ва нақши меҳварии занону бонувони олима дар рушди илми муосир ёдовар шуданд.
Таъкид гардид, ки имрӯз занони олим ва ихтироъкори тоҷик бо дастовардҳои назарраси худ илми кишварро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, саҳми арзанда мегузоранд. Ҳамзамон онҳо ҷавононро ба омӯзиши фанҳои дақиқ, истифодаи технологияҳои муосир ва густариши ҷаҳонбинии илмӣ даъват карданд.
Конференсия дар ду бахш ҷараён гирифта, дар он дастовардҳои илмии олимаҳои Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Қазоқистон муаррифӣ гардид.
Дар фарҷом як қатор занону бонувони фаъоли соҳаи илм ва ихтироот барои саҳми арзандаашон бо Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Баргузории чунин чорабиниҳо барои ҳавасмандгардонии олимони ҷавон ва ҷалби бештари духтарон ба корҳои илмӣ мусоидат менамояд.