Имрӯз, 8 январ дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2025 баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша бо иштироки Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовинони раиси Кумита, сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор шуд.
Зимни ҷаласа ҳисоботи фаъолияти раёсат, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таҳкими оила, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон ва кӯдакон як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ гардидаанд.
Раиси Кумита Файзиддинзода Бунафша зимни суханронӣ ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла маблағгузории саривақтии барномаҳои давлатӣ дар самти кор бо занон ва оила, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, никоҳҳои бармаҳал, аз таҳсил дур мондани фарзандон, бахусус духтарон, коҳиш додани сатҳи ҷинояткории занон, пешгирии ҳолатҳои худкушӣ ва суиқасд ба ҷон, инчунин мубориза бо паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вируси норасоии масунияти одам таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Дар ин замина ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва оиладорӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиву ободонӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар идомаи ҷаласа Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода баромад намуда, таъкид карданд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ, ҳифзи оила, боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа, таълиму тарбияи насли наврас ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои шаҳрвандон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардидааст.
Зулфия Давлатзода ба масъулин дастур доданд, ки иҷрои нишондодҳо ва супоришҳои Сарвари давлатро дар амал таъмин намуда, фаъолияти худро ба баланд бардоштани сатҳи маърифати оиладорӣ, пешгирии мушкилоти иҷтимоӣ дар байни занон ва ҷавонон, густариши ҳамкории байни сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ равона созанд. Ҳамзамон зикр гардид, ки назорати иҷрои барномаҳо ва нақшаҳои соҳавӣ бояд тақвият ёфта, ҳар як масъул ба иҷрои вазифаҳои худ бо ҳисси баланди масъулият муносибат намояд.
Дар фарҷоми ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Кумита қаноатбахш арзёбӣ гардида, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва боз ҳам самаранок ба роҳ мондани фаъолият дар соли 2026 пешниҳодҳо ва вазифаҳои афзалиятнок муайян карда шуданд.